САРСУХАНИ МУАЛЛИФ БА КИТОБИ «БУРХИ ВАЛӢ ДӮСТИ ХУДО»


Султони Ҳамад

Султони Ҳамад

Хонандаи азиз, нахуст мехоҳам бигӯям, ки ҳарчанд китоб «Бурхи Валӣ дӯсти Худо» номгузорӣ шуда бошад ҳам, вале сухан дар он танҳо дар бораи ҳазрати Бурхи Сармасти Абдоли Валӣ — ин чеҳраи дар адабиёти классикиии мо, махсусан адабиёти ирфонӣ, хеле маъруф, намеравад. Шумо, хонандаи азиз, дар баробари гирифтани иттилои наву тоза дар бораи ин бузургвор ва шахсияти вай, боз маълумоти муфассалеро дар бораи Вахё, минтақае, ки марқади ин дӯсти Худо он ҷо воқеъ аст, дар бораи табиат, таърих ва мардуми наҷиб ва дигар авлиёи он ба даст оварда метавонед.

Симои Бурхи Валӣ садсолаҳо боз мавриди таваҷҷӯҳи аҳли эҷод қарор гирифтааст. Дар бораи Бурхи Валӣ аз ин пеш классикон ва ҳамзамонони мо китобу достону мақолаҳои зиёде навиштаанд ва баъдҳо низ хоҳанд навишт. Муаллиф зимни дар бораи ҳазрати Бурхи Сармасти Валӣ ва дигар авлиёи Вахё аз сарчашмаҳои хаттии дастрас маълумот гирифтан, ҳамзамон онро бештар аз сӯҳбат ва баёноти пирони хирадманди ин водӣ, аз уламои дини мубини ислом, аз шоирону нависандагони огоҳи кишвар ва дигар равшанфикрони миллат ҷамъоварӣ кардааст. Матни бархе аз ин мусоҳибаҳо ба сабаби доштани иттилооти дигари муфид дар шакли пурра ва ё мӯҳтавои он бо нишон додани санаи дақиқ ва ҷои сӯҳбат дар замимаи китоб оварда шудаанд.

Вахё аз лиҳози тақсимоти маъмурӣ-ҳудудӣ таърихан агар  марбути шоҳигарииДарвоз ва баъдан то замони ба қудрат расидани ҳукумати Шӯроҳо дар сарзамини мо марбути бекигарии Дарвози аморати Бухоро бошад ҳам, вале аз нуқтаи назари ҷӯғрофӣ ва этникӣ минтақаи хос ва алоҳидаи Ватани азизамон ба ҳисоб мерафт ва имрӯз низ чунин аст. Дар ҳамин ҳол дар муқоиса бо дигар манотиқи кишварамон табиат, таърих ва мардуми ин гӯшаи зебоманзари Ватани дӯстдоштаниамон, ки рӯз то рӯз таваҷҷӯҳи сайёҳонро бештар ба худ ҷалб мекунад, камтар омӯхта ва муаррифӣ шудааст.

Аз ин рӯ дар ин китоб муаллиф кӯшиш ба харҷ додааст, ки дар бораи мавқеи ҷӯғрофӣ, захираҳои табиӣ, дурнамои иқтисодии он, таърихи дар ин минтақа сокин шудани мардуми он ва махсусан дар бораи таърихи замони ба сари қудрат омадани ҳукумати Шӯроҳо дар Вахё, ки маъмулан дар замони қабл аз истиқлолияти давлатӣ дар ин бора маълумоти дигархелтаре дода мешуд, иттилои тозаеро пешкаши хонандагони арҷманд гардонад. Бори аввал дар ин китоб дар бораи эшонҳо ё худ саидзодаҳои Вахё, ки бо номи эшонҳои Ёзғанд ва эшонҳои Арзунк машҳуранд, маълумоти муфассал ва воқеӣ дода мешавад.

Шаҷараномаҳои бархе аз ин эшонҳо бори аввал дар ҳамин китоб ба табъ мерасанд. Матлабе, ки дар бораи эшони Султон, падар, бародарон ва дигар ақрабои ин шахсияти таърихии Ватанамон ба нашр мерасад, то ба имрӯз дар ягон китоби дигар чоп нашудааст. Ин маълумотро муаллиф аз надиктарин хешу ақрабои ин бузургон, ки то ба ин замон хомӯш буданро аз сухан гуфтан авлотар медонистанд, дар сӯҳбатҳои доманадор ба даст овардааст.

Дар хотима мехоҳам ба мӯҳтарам Мӯсо Диноршоев, академики АИ ҶТ, доктори илмҳои фалсафа, профессор барои маслиҳатҳои хеле пурқиммат ва муфидашон, ки баъди хондани дастхати ин китоб ба камина арзонӣ доштанд ва банда онҳоро бо камоли мамнуният ва сипос ба инобат гирифтам, самимона ибрози ташаккур намоям.

Банда инчунин аз Тоҷиддин Мардонӣ, олими шинохтаи тоҷик, корманди Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии АИ ҶТ, аз Қурбоналӣ Идрисов-донишманди тоҷик, аз Абдураҳим Раҷабов — донишманд ва ҷавонмарди ҳимматбаланди тоҷик ва дигар дӯстони азиз барои машварат ва кӯмакҳои беғаразашон дар навиштан ва ба табъ расондани ин китоб ибрози сипоси самимӣ мекунам.

Бо эҳтиром Султони Ҳамад