You are currently browsing the category archive for the ‘МУШКИЛОТИ ВОДИИ ВАХЁ’ category.


Султони Ҳамад

Султони Ҳамад

Хонандаи азиз, нахуст мехоҳам бигӯям, ки ҳарчанд китоб «Бурхи Валӣ дӯсти Худо» номгузорӣ шуда бошад ҳам, вале сухан дар он танҳо дар бораи ҳазрати Бурхи Сармасти Абдоли Валӣ — ин чеҳраи дар адабиёти классикиии мо, махсусан адабиёти ирфонӣ, хеле маъруф, намеравад. Шумо, хонандаи азиз, дар баробари гирифтани иттилои наву тоза дар бораи ин бузургвор ва шахсияти вай, боз маълумоти муфассалеро дар бораи Вахё, минтақае, ки марқади ин дӯсти Худо он ҷо воқеъ аст, дар бораи табиат, таърих ва мардуми наҷиб ва дигар авлиёи он ба даст оварда метавонед.

Читать далее…


Рӯи чоп омадани китоби «Бурхи Валӣ-дӯсти Худо», ки дар он симои ин шахсияти маъруф, вале то ба ҳол  наомӯхтаи кишварамон мавриди таҳқиқ ва баррасӣ қарор гирифтааст, дорои аҳамияти маърифатӣ ва фар-ҳангӣ мебошад. Махсусан дар давроне, ки Ватани мо беш аз пеш мавриди таваҷҷӯҳи хоси сайёҳони ҷаҳон гардидааст, ин китоб метавонад дар ин самт барои шавқмандони соҳаи ҳаёти дунявӣ ва мазҳабӣ раҳнамои хубе бошад. Ҷолиб он аст, ки симои Бурх дар ин китоб аз дидгоҳи гуногун мавриди омӯзиш ва тамоми андешаҳои он бо такя ба сарчашмаҳои таърихӣ мудаллал шудаанд. Аз сӯи дигар дар китоб иттилое сабт гардидааст, ки аз нигоҳи таърихӣ аз аҳамият холӣ нестанд.  Читать далее…


Мусо Диноршоев

Мусо Диноршоев

Хабари барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯалӣ Ибни Сино дар соҳаи илму техника дар соли 2011 гардидани академик Мӯсо Диноршоев, дар баробари эътои эҳсоси хурсандӣ рости гап, моро то андозае ба ҳайрат низ гузошт. Ҳайрати мо аз он буд, ки ин файласуфи маъруфи кишвар, ки асарҳояш дар ҷаҳони фалсафа хеле машҳуранд ва махсусан таҳқиқоти ӯ дар бораи фалсафаи Ибни Сино аз сӯи файласуфони маъруфи дунё навгӯӣ арзёбӣ шудаанд, бо ин ҷоизаи давлатии кишвар, танҳо акнун сарфароз мегарданд. Донистани иллати ин таъхир ва боз гирифтани посух ба бисёр суолҳои дигари ҷолиб моро ба пои сӯҳбати ин донишманд кашонд. Читать далее…


Халимшо Салимшо

Халимшо Салимшо

Шоири маъруфи Тоҷикистон Салимшо Ҳалимшо дар як мақолаи худ (маҷаллаи «Фарҳанг, 1997, № 12) менависад, ки дар қисмати «Вандидод»-и китоби Авесто Ваекерето ном мавзеи тасвир шудааст, ки он ҳамин сарзамини Вахёи Тоҷикистони азиз  ҳаст. Ба мақсади гирифтани маълумоти бештар дар ин бора нависандаи ин сатрҳо бо Салимшо Ҳалимшо сӯҳбате баргузор кард. Ба гуфтаи Салимшоҳ Ҳалимшоҳ дар «Авесто» донишманд ва табибе бо номи Срита ( ё Трита ё Исрит) зикр шудааст, ки имрӯз ӯро  дар Тоҷикистон ва берун аз он бо номи Бурхи Валӣ ёд мекунанд. Читать далее…


Саидчаъфар бо Султони Хамад

Саидчаъфар бо Султони Хамад

Ватани мо, Тоҷикистони азиз чи қадар зебову хушобу ҳаво ҳаст. Чун нек нигарем ҳатто ҳар як санги оддии он қиссаи дилангезеро дар худ ниҳон дорад. Аҷдодони мо он қадар зиёд Ватанашонро дӯст медоштанд, ки барои ҳар як санги он қиссаву достонҳо эҷод мекарданд. Читать далее…


Миёнаду

Миёнаду

Пуламонро оби Хингоб фурӯ бурд, қимати орду рӯған ба маротиб боло рафтааст, орд дар мағозаҳо камчин аст. Райиси ноҳия бо гузашти чанд рӯз ба наздамон наомадааст, ҳоло дигар мо ҳастему Худо. Агар ба додамон Эмомалӣ Раҳмону Шукурҷон Зуҳуров нарасанд, намедонем дигар чӣ кор кунем… Читать далее…


Хазрати Бурх

Хазрати Бурх

Инак асрҳост, ки ҳамасола мақбараи Бурхи Сармасти Валиро дар саргаҳи Оби Мазор, яке аз шохобҳои дарёи Хингоб, ҳазорон нафар эътиқодмандон зиёрат мекунанд. Дар бораи ин бузургвор миёни мардум даҳҳо асотиру ривоятҳои халқӣ аз даҳон ба даҳон паҳну парешон шудаанд. Читать далее…


Назри Яздонӣ муаллифи «Бӯйи ҷӯйи Мӯлиён»-и даврони мост

Ё худ он шоире, ки фақат як шеъраш ғарибонро соҳибватан

карду Тоҷикистонро беҳтар аз ҷон, шастсола шуд.

«Тоҷикистон ҷону ҷонон»

Назри Яздонӣ

Баҳори соли 1993. Шаҳри Қундузи Давлати Исломии Афғонистон. Раҳбарияти Ҳаракати Наҳзати Исломии Тоҷикистон, ки сарпарастии муҳоҷиринро ба ӯҳда дошт, бар ин назар буд, ки барои бозгашти сарбаландонаи муҳоҷирин ба Ватан муборизаи мусаллаҳонаро як муддате ба мақсади фишор овардан болои ҳукумат идома додан даркор аст. Читать далее…


Мақбараи Ҳазрати Бурхи Сармасти Валӣ

Мақбараи Ҳазрати Бурхи Сармасти Валӣ

Мақбараи Ҳазрати Бурхи Сармасти Валӣ дар деҳаи Боршид, 25 — 30 км болотар аз деҳаи Сангвор, дар болооби дарёи Оби Мазор — шохоби калонтарини Оби Хингоб воқеъ мебошад. Ин мақбара зиёратгоҳи хосу омми на танҳо аҳолии Тоҷикистон, балки зоирони дигар аз кишварҳои Осиёи Миёна мебошад, ки ҳамасола ба ин ҷо меоянд. Читать далее…

Султони Ҳамад — Бурхи Валӣ — дӯсти Худо

Аҳмад Зоҳир ва мусиқии Ғарб

Борони баҳор

Шакли PDF-и рӯзномаи «РӮЗГОР»

Чархофалако…

Манзарае аз диёр…

Бойгонӣ

free counters

РӮЗГОР.TJ

Ruzgor.tj



Рейтинг@Mail.ru


//

Рейтинг@Mail.ru