Рӯи чоп омадани китоби «Бурхи Валӣ-дӯсти Худо», ки дар он симои ин шахсияти маъруф, вале то ба ҳол  наомӯхтаи кишварамон мавриди таҳқиқ ва баррасӣ қарор гирифтааст, дорои аҳамияти маърифатӣ ва фар-ҳангӣ мебошад. Махсусан дар давроне, ки Ватани мо беш аз пеш мавриди таваҷҷӯҳи хоси сайёҳони ҷаҳон гардидааст, ин китоб метавонад дар ин самт барои шавқмандони соҳаи ҳаёти дунявӣ ва мазҳабӣ раҳнамои хубе бошад. Ҷолиб он аст, ки симои Бурх дар ин китоб аз дидгоҳи гуногун мавриди омӯзиш ва тамоми андешаҳои он бо такя ба сарчашмаҳои таърихӣ мудаллал шудаанд. Аз сӯи дигар дар китоб иттилое сабт гардидааст, ки аз нигоҳи таърихӣ аз аҳамият холӣ нестанд. 

Зиндагиномаи эшони Султон, муносибати ӯ бо амир Олимхон, бо Иброҳимбек, бархурдаш бо Фузайл Махсум дар ин китоб бо такя ба манбаъҳои хаттӣ ва гуфтори ашхоси алоҳида тарзе ба риштаи тасвир кашида шудаанд, ки низ ба баъзе торикиҳои ҳаёти ин ашхоси таърихӣ рӯшанӣ мебахшанд.

Бо ин гуфтаниям, ки китоб агарчи дар жанри публисистика навишта шуда бошад ҳам, вале баръало мушоҳида мешавад, ки муаллиф дар вақти навиштани он аз китобҳои илмӣ ва таърихӣ васеъ истифода бурдааст. Мутмаинам, ки китоб хонандаи хешро пайдо хоҳад кард ва мавриди қабули онҳо қарор хоҳад гирифт. Ба муаллифи китоб Султони Ҳамад комёбиҳои аз ин бештареро орзумандам.

Мӯсо Диноршоев,  академики АИ ҶТ, доктори илмҳои фалсафа, профессор, барандаи ҷоизаи давлатии ба номи Абӯалӣ ибни Сино.

Реклама