Саидчаъфар бо Султони Хамад

Саидчаъфар бо Султони Хамад

Ватани мо, Тоҷикистони азиз чи қадар зебову хушобу ҳаво ҳаст. Чун нек нигарем ҳатто ҳар як санги оддии он қиссаи дилангезеро дар худ ниҳон дорад. Аҷдодони мо он қадар зиёд Ватанашонро дӯст медоштанд, ки барои ҳар як санги он қиссаву достонҳо эҷод мекарданд.

Дар деҳаи Алисурхуни водии Вахё санги бузурги сафеди устухонмонанде болои замини мавзеи кӯҳӣ хобидааст, ки дарозиашро беш аз панҷсад метр медонанд. Мардуми ин водӣ мӯътақиданд, ки ин санг ҷасади аждаҳое мебошад, ки як вақтҳо пеши оби Хингобро гирифта будаасту мардумро азият дода ба қатл мерасондааст. Баъдан ӯро ҳазрати Алӣ (а), домоди пайғамбари Акрам Муҳаммад (с), ки бо каромоташ аз ин мушкили мардуми ин водӣ огоҳ шуда будааст, омада ба ҳалокат мерасонад.

Ин қиссаро ман аз забони Ҳоҷӣ Саидҷаъфари Саидумар, ки тахминан 70- сол дошт, рӯзи 19 августи соли 2008 шунида ба магнитофон сабт кардам. Баъдан видеои он маҳал ва аждаҳосангро низ гирифтам, ки инак пешкашатон мекунем. Дар ҳақиқат, аждаҳосанг устухони бузургеро ба хотир меорад. Таркиби ин санг мисли устухон ковок аст.

Аз ҳамин рӯ бархе аз зоирони мазори ҳазрати Бурх вақте аз ин ҷо дидан мекунанд, барои хотира аз ин аждаҳосанг ба осонӣ пораеро шикаста бо худ ба ёдгор мебаранд. Ба ҳамин сабаб ҳам ин санг то рафт аз байн рафта истодааст. Бо вуҷуди ин аждаҳосанг дар шакли ҳозирааш низ ҷасади аждаҳорро ба хотир меорад. Қиссаеро, ки дар бораи ин аждаҳосанг аз Ҳоҷӣ Саидҷаъфари Саидумар шунидам, инак пешкашатон мекунам. Ин қиссаро Ҳоҷӣ Саидҷаъфар овони хурдсолӣ аз мӯсафедони деҳаи Лоҷирки Вахё шунидааст. Он пурра бо назм суруда шуда будааст. Дар ёди Ҳоҷӣ Саидҷаъфар баъзе аз порчаҳои ин қиссаи назмӣ боқӣ мондаанд. Хушбахтона, мазмуни қиссаро пурра аз ёд медонад.

Саидчаъфар

Саидчаъфар

«Кофире дар шаҳри Барбар подшоҳ будааст. Шаҳри Барбар Дарвози имрӯзаро мегуфтанд. Боре ба як гӯшаи зебоманзари ин диёр, Вахё аждаҳое ҳамла оварда сари роҳи оби Хинговро дар деҳаи Алисурхун мегирад. Мардуми дар поёноби ин деҳа сокинбуда дигар аз беобӣ сахт азият мекашанд. Шоҳи Барбар мегӯяд, ки касе агар ин аждарро ба ҳалокат бирасонад, ними давлаташро ба ӯ медиҳад. Дар ҳамин вақт аз Худованди азза ва ҷалла ба ҳазрати Алӣ (а) илҳом мешавад, ки ба Барбар биравад ва мушкили бандагонашро осон гардонад. Ҳазрати Алӣ (а) ба Барбар меояд ва шоҳи Барбар, ки аз куҷо будану кӣ будани паҳлавонро ҳанӯз намедонад, мушкилро ба ӯ чунин арза медорад:

Фардо, ки мегардад баҳор,

Дарё намегирад қарор.

Ҷӯе бикан дар кӯҳсор,

Коре бикун аз баҳри мо.

 

Як аждаре дар ҷангал аст,

Роҳи халоиқ бастааст,

Чандин ҳазорон хӯрдааст.

Дорад зи мардум ӯ ғизо.

Сипас ҳазрати Алӣ барои аз байн бурдани аждаҳор ба он мавзее, ки имрӯз дар Вахё Алисурхун ном дорад, меравад. Байни ҳазрати Алӣ ва аждаҳор задухӯрде барпо мешавад:

Ҳайдар варо аз дур дид,

Аждар варо дар дам кашид.

Бигрифт Алӣ аз гарданаш

Партофташ андар ҳаво.

Дар ин ҷанг ҳазрати Алӣ бар аждаҳо ғолиб омада ӯро мекушад. Баъд ҷасадашро пӯст карда ба маърази тамошо дар ҳамин Алисурхуни Вахё мепартояд. Шоҳи Барбар чун мебинад, ки ин ҷавонмард аждарро ба қатл расонид, назди ӯ шарти дигаре мегузорад. Мегӯяд, ки душмане дорам, ки онро низ бояд қатл кунӣ:

Гуфт як душмане дорам Алӣ

Домод бошад бар Набӣ.

Гар ту сари ӯ оварӣ,

Он гаҳ шавем аз ту ризо.

Ҳазрати Алӣ мегӯяд, ки манам домоди пайғамбар Алӣ. Агар имон биоварию мусулмон бишавӣ инак сарам фидоят. Вагарна сарат аз тан ҷудо хоҳам намуд.

Гуфто ки ман худ Ҳайдарам,

Имон барӣ, инак сарам.

Варна туро гардан занам,

Поён шавад ин моҷаро.

Чун шоҳи Барбар мебинад, ки ҳамон ҷавоне, ки аждарро аз байн бурдаву мардумро аз даҳшат наҷот додааст, ҳамин ҳазрати Алӣ (а) ҳаст, даррав тавба карда калимаи шаҳодатро арза намуда мусалмон мешавад».

Дар бораи ҳамин аждаҳосанги деҳаи Алисурхуни Вахё шоири маъруфи тоҷик Салимшои Ҳалимшо достоне эҷод кардааст, ки аз ин сурудаи мардумӣ ба куллӣ фарқ мекунад. Худо хоҳад мӯҳтавои онро низ ба Шумо, муштариёни гиромии сомонаи «Рӯзгор» дар рӯзҳои наздик пешкаш хоҳем кард.

Султони Ҳамад

Реклама