Мақбараи Ҳазрати Бурхи Сармасти Валӣ

Мақбараи Ҳазрати Бурхи Сармасти Валӣ

Мақбараи Ҳазрати Бурхи Сармасти Валӣ дар деҳаи Боршид, 25 — 30 км болотар аз деҳаи Сангвор, дар болооби дарёи Оби Мазор — шохоби калонтарини Оби Хингоб воқеъ мебошад. Ин мақбара зиёратгоҳи хосу омми на танҳо аҳолии Тоҷикистон, балки зоирони дигар аз кишварҳои Осиёи Миёна мебошад, ки ҳамасола ба ин ҷо меоянд.Инчунин муҳақиқон, сайёҳон ва муаррихон низ аз ин ёдгорӣ зиёд дидан менамоянд. Дар гардишгоҳи деҳа, ки дар он мақбараи Ҳазрати Бурхи Сармасти Валӣ макон дорад ва онро «Саломгаҳ» меноманд, ҳамаи зоирин пиёда шуда, то зиёратгоҳ роҳ мераванд.

Мувофиқи маълумотҳои тадқиқотчии рус В.И.Липский, ки дар солҳои 1897-1901 се маротиба ба Бухорои шарқӣ сафар карда буд, мақбара дар баландии 9052 фут, яъне 2759 м баланд аз сатҳи баҳр ҷойгир аст. Ӯ овардааст: «Тахминан мо нисфирӯзӣ ба мазор расидем ва дар хонаи муттавалӣ қарор гирифтем. Ба хотири эҳтироми макони муқаддас ҳамаи ҳамроҳони ман дар вурудгоҳи деҳа аз аспҳо фаромаданд…»

Олимони Института таърих ва бостоншиносии Академияи илмҳо ҳанӯз дар солҳои 80-уми асри гузашта дар бораи усули сохтмони бинои мақбара ва таърихи гузаштаи он тадқиқотҳои илмӣ анҷом дода буданд. Бостоншиноси маъруф Ю. Ёқубов дар бораи мақбара чунин менависад:

«Макбара дар болои ҷарии соҳили рости дарёи Оби Мазор ҷой гирифтааст. Он аз ду ҳуҷра иборат аст: айвон ва гӯрхона. Бинои гӯрхонаро аз берун то нисфи он гӯрҳои муосир ишғол намудаанд. Бинои асосӣ дар болои таҳкурсии сангӣ истодааст. Мақбара аз хишти пухтаи андозааш 24 — 25 х 4 сантиметра аз омехтаи гаҷу хок сохта шудааст.

Гӯрхона дорои тарҳи гирд, аз шимол ба ҷануб ба андозаи 6.26 м ва аз ғарб ба шарк ба андозаи 6,20 м тӯл кашида, болояш бо гунбад пӯшида шудааст. Гунбад поя ва такягоҳ надорад, он давоми бино мебошад ва шакли мудаввар дорад. Дар ҳоли ҳозир девор ва гунбади қисмати ҷанубии мақбара сахт тағйир ёфтааст. Дар гунбад ва деворҳо таркишҳои калон ба чашм мехӯранд.

Айвон на он қадар калон буда, болопӯши гунбадӣ дорад. Боқимондаҳои гунбад дар девори қисми шимолӣ-шарқӣ маҳфӯз мондаанд. Хиштҳои гунбад пушти сари ҳам чида шудаанд. Гунбад идомаи деворҳои айвон буда ва дар ин ҷо ҳам пояи гунбад вуҷуд надорад. Назар ба сохти бино гунбад он қадар баланд набуда, камони доираи он дар баландии 2,85м қарор дорад. Айвон шаклан чоркунҷа буда, ба бинои асосӣ мутаносиб мебошад.

Дар кунҷҳои айвон ду манора — гулдаста меистоданд. Манораи ҷанубӣ ва чиллахонаи дар канори ҷарӣ воқеъбуда боқи намондаанд. Манораи шимолӣ инчунин дар ҳолати нимавайронӣ аст. Пешорӯи айвон то кунҷи болои он бо гулбаргҳои себаргаи гаҷӣ нақшу нигори барҷастаи ороишӣ дорад.

Дар девори қисми ғарбӣ ҷойи дар мавҷуд аст. Дар фавқи ҷойи дар панҷараҳо бо тахтачаҳои нақшу нигори мураккаб оро дода шудаанд. Масъалаи аз ҳама мушкил — ин муайян намудани санаи бунёди ин ёдгорӣ мебошад.

Тарҳрезии он хеле қадима ва содда мебошад. Мақбараи Бурх дар миёни ёдгориҳои меъмории қадим ва даврони асри миёнаи Осиёи Миёна ҳамто надорад. Аммо биноҳои дорои тарҳи гирд дар меъмории Осиё Миёна аз давраи бостон маълум буданд.

Масалан, дар Хоразм гӯрхона ба ном Баланди II ҳафриёт шудааст, ки тарҳи гирд дорад. Мақбараи Баланди II болопӯши гунбадӣ дорад. Гунбади мақбараи Баланди II бо роҳи баровардани қатори болоии хиштҳо нисбат ба қатори поёнӣ сохта шудааст. Он ба деворҳои хиштии сохташуда такя мекунад. Маҳз бо ҳамин усул гунбади мақбараи Бурх сохта шудааст.

Мақбараи Баланди II ба асрҳои II -III то солшумории мо тааллуқ дорад. Умуман гӯрхонаҳои даврони қадими Хоразм асосан тарҳи доиравӣ доштанд. Тарҳҳои барҷастаро дар пӯшиши гунбади баъзе муғхонаҳо низ дидан мумкин аст.

Мақбараҳои дорои тарҳи доиравӣ дар меъмории асри миёнаи мутараққии Эрон низ дучор меояд. Масалан, мақбара-манораи Дина дар Веронин (асрҳои XIII-XIV), манораи Радхона, мазори имомзода Ҷаъфар дар Исфаҳон ва ғайраҳо. Тарҳрезӣ ва усулҳои сохтмони мақбараи Бурх ба ёдгориҳои давраи антиқа наздиктар аст.

Дар ибтидои асрҳои миёна мо чунин ёдгориҳоро ба хотир надорем. Дар мақбара инчунин шамъдони дутабақаи оҳанӣ бо акси ҷаҳор нахчири кӯҳӣ бозёфт шудааст. Ин ашё, бе шӯбҳа марбути мақбара буда, ба даврони то исломӣ пайванд аст. Шаъмдон ва дуки ресандагии аз мақбара пайдошуда дар Осорхонаи миллии бостонии Тоҷикистон нигоҳ дошта мешавад.

Аммо аз рӯи усулҳои меъмории гулдастаҳои ороишии паҳлӯӣ метавон ба хулоса омад, ки мақбараи Бурх дар асри XVII ё оғози асри XIX аз хишти пӯхта сохта шудааст. Шӯбҳае нест, ки ҳангоми навсозии он бо хишти пухта сохтмончиён тарҳи қадимии онро нигоҳ доштаанд. Барои санагузории дақиқи мақбараи Бурх тадқиқотҳои бостоншиносӣ зарурат аст.

Намуди берунии чилахона

Намуди берунии чиллахона

Бояд қайд кард, ки дар ҳудуди Осиёи Миёна бо номи бузургвор Ҳазрати Бурхи Сармасти Валӣ мазорҳои зиёд машҳур гаштаанд. Вале дар баробари ин мо бояд таъкид кунем, ки мазори Ҳазрати Бурх дар водии Вахё воқеъ буда, нисбат ба дигар мазорҳои ин бузургвор таърихи кӯҳна дорад. Дар ин бора устод Ю. Ёқубов ҳанӯз дар соли 1984 дар мактуби худ ба унвони раиси ҷамъияти муҳофизати ёдгориҳои таърихӣ ва мадании ҷумҳурӣ М. Раҳматов таъкид карда буд:

«Тахмини зиёд меравад, ки дар ибтидо бино аз санг сохта шуда, болояшро гунбад мепӯшонид ва барои ҳамин Муғхонаро ба ёд меовард. Дар давраи асри миёна мақбара аз нав сохта шуд, лекин хишти пӯхта истифода бурда шуд. Дар қабати он айвон бо гулдастаҳо ва чиллахона сохта шуд. Мақбара, шояд қаблан маъбади парастиши аҷдодӣ буд ва дар давраи мусулмонӣ онро ба парастишгоҳи Бурхи тавротӣ табдил доданд.»

Дар мактуби худ Ю. Ёқубов таъкид менамояд, ки баъд аз омӯзиши муқаддамотии ёдгорӣ метавон ба хулоса омад, ки мақбараи Ҳазрати Бурх иншооти нодири меъморӣ ва таърихӣ ба ҳисоб меравад ва барои таърихи халқи тоҷик аҳамияти калон дорад.

Мо ҳам ин хулосаи бостоншиноси маъруф Ю. Ёқубовро дастгирӣ менамоем, зеро он ба ҳақиқати таърихӣ наздик мебошад. Мақбараи Ҳазрати Бурх дар давраи қадим сохта шудааст.

Дар даромадгоҳи мақбара то солҳои наздик чунин катиба сабт ёфта буд: «Ло илоҳа илла-л-Лоҳу Муҳаммадан расулу-л-Лоҳи» ва дар паҳлуҳои ин навиштаҷот аввал ҳарфи «қоф» ва дар охир ҳарфи «ҷим» ҳаккокӣ шуда буд.

Ба ақидаи яке аз донишмандони маҳаллӣ «қоф» ва «ҷим» маънои қутби ҷомеъ (қутби ҷомеъ, ҷамъкунанда, болотарин рутбаи суфиён аст) — ро дорад, бо ибораи суфиён ҷамъ шудани рутбаи ғавсу қутб қутби ҷомеъ номида мешавад.

Тибқи маълумоти Бобои Ҳурматуллоҳ Мӯҳтоҷзода, сокини деҳаи Сангвор хиштҳои мақбараи Ҳазрати Бурхи Сармасти Валиро аз Сангвор то деҳаи Боршид, ки фосилаи бештар аз 20 км мебошад, даст ба даст бурдаанд. Чуноне вай мегӯяд, солҳои пеш дар маркази деҳа хокканак (яъне ҷое, ки аз он ҷо хок мегиранд) вуҷуд дошт, ки барои сохтани танӯр аз он хок мегирифтанд. Дар вақти кандани хок хиштпораҳо пайдо мешуд ва пирони маҳалла мегуфтанд, ки дар ин мавзеъ замонҳои пеш коргоҳи хиштпазӣ мавҷуд будааст.

Девори паҳлӯи айвони мақбара

Девори паҳлӯи айвони мақбара

Мувофиқи ривояти дигар хиштҳои мақбараи Ҳазрати Бурхи Сармасти Валӣ гӯё аз Самарканд ё Бухоро оварда шуда бошанд. Аммо ҳангоми сӯҳбат бо Усто Абдурашиди Истаравшанӣ маълум гардид, ки хиштҳои мақбара аз хоки ҳамин маҳал тайёр шудаанд. Бо арраи барқӣ буридани танҳо 100-150 дона хиштҳои кӯҳнаи мақбара мӯяссар мешавад, чунки дар таркиби хиштҳои мақбара сангрезаҳо мавҷуд аст. Ин хиштҳо аз хиштҳое, ки дар ёдгориҳои Самарқанду Бухоро истифода шудаанд, тамоман фарқ мекунанд.

Баъди пурра муҳоҷир кардани мардуми водии Вахё ба ноҳияҳои пахтакори ҷумҳурӣ дар солҳои 50 асри XX мақбараи Ҳазрати Бурхи Сармасти Валӣ бе саробон монд. Дар бораи ин муҳочират В.Ивашенко чунин овардааст:

«То солҳои панҷоҳум дар водии зебои Вахё одамон умр ба cap мебурданд ва руди зиндагӣ бо маҷрояш равон буд, вале бо баҳонаи он ки аз нуқтаи назари зилзиласанҷҳо зиндагӣ кардан дар ин ҷо хатарнок аст, аҳолиро ба ноҳияҳои пахтакор кӯчониданд ва дар хонадони мардуми кӯҳистон чароғи бобоӣ хомӯш шуд. Ба ин заминҷунбии соли 1949-уми Ҳоитро сабаб овардаанд.

Аҷоиб, дар сайёраи нооромамон ҳар рӯз ҳодисаҳои заминларза, баромадани вулқон, обхезӣ, тӯфон, гирдбод, вазидани боди сахт рӯй медиҳанд, аммо одамон ба ин офатҳои табиат тоқат намуда, диёри бобоиву падариро тарк намекунанд ва руди рӯзгор бо гузашти айём боз маҷрои пешинаашро меёбад, аммо дар водии Вахё имрӯз фақат харобаи деҳаҳои замоне ободу хуррам, боғҳои бесоҳиб, роҳи нимвайрон ба назар мерасад. Деҳаҳои қариб мурда, бе нон, бе аҳолӣ.

Эҳтимол гумон кунед, ки ин фоҷиа фақат ба сари сокинони водии Вахё омада буд. Не, дар он замон, чӣ дар шарқу ғарб, чӣ дар шимолу ҷануби мамлакати Иттифоқи Шӯравӣ даҳҳо халқҳои бегуноҳро маҷбуран ба маҳаллаҳои дигар кӯчониданд ва як қисми одамон ба иқлими нав одат накарда, аз дунё гузаштанд, қисман забону расму русуми аҷдодонро аз хотир бароварданд…»

(идома дорад)

Реклама