Назри Яздонӣ муаллифи «Бӯйи ҷӯйи мӯлиён»-и даврони мост

Ё худ он шоире, ки фақат як шеъраш ғарибонро соҳибватан Карду Тоҷикистонро беҳтар аз ҷон, шастсола шуд.

Гурезаҳои дар орзуи Рӯдакӣ

Назри Яздонӣ

Назри Яздонӣ

Аз он рӯзе, ки Рӯдакии бузург бо ҷозибаи шеъру суруд Наср ибни Аҳмади Сомонӣ ва аҳли рикобашро баъди солҳои тӯлонӣ дар сафари Ҳирот будан ташвиқ ба бозгашт ба Ватан, ба Бухорои шариф намуд, беш аз ҳазору садсол гузашт. Ҳазору сад сол пеш Рӯдакӣ бо садои сеҳрангези хеш дар ҳамовози бо навои дилнавози барбаташ шеъри «Бӯйи ҷӯйи Мӯлиён ояд ҳаме»-ро

чунон муассир суруд, ки амири сомонӣ дигар аз пӯшидани мӯзаи пояш фаромӯш карду саросемавор роҳ сӯи Бухороро пеш гирифт.

Рӯдакӣ бо ин амалаш даҳҳо хонаводаро аз ғами ғурбату мусибати дурӣ аз ёру диёр раҳоӣ бахшид. Вале ҳазору сад сол баъд душманони ин миллату ин марзу бум тавонистанд бозмондагони Рӯдакиро ба ҳам чунон ҷанг андозанд, ки ҳазорҳо нафар аз онҳо иҷборан дарёи хуношоми Омӯро бо сад азият убур карда дар ҳамон хоки Хуросон, ки акнун бо гузашти солҳо барояшон бегона шуда буд ва хоки кишвари дигар ба ҳисоб мерафт, паноҳгоҳ ёбанд.

Агарчӣ байни паноҳандагон шоирони хуб ҳам буданд, шеърҳои ноб ҳам мегуфтанд ва низ сахт дар хумори Ватан ба сар мебурданд, вале касе аз онҳо ҷуръат намекард, ки чун Рӯдакӣ гурезагонро барои бозгашт ба Ватан даъват намояд. Зеро бар ин бовар буданд, ки дар Ватан онҳоро марг интизор аст. Ва ин ҳақиқат буд. Онҳо дар лаби дарёи Омӯ ба сӯйи Ватан чашм медӯхтанду аз дили пурдард мегуфтанд:

Лаби дарёи Омӯ марги тоҷик,

Намеёбад кафан тармарги тоҷик,

Дарахти ваҳдати ӯ решакан шуд,

Хазон омад ба шоху барги тоҷик.

Ӯ «Бӯи ҷӯи мӯлиён»-и даврони моро офарид

Вале ҳамон шабу рӯзҳо дар Тоҷикистони азиз шоире буд, ки бар хилофи баъзе аз ҳамкасбони худ, ки тамоми фирориҳои он сӯйи дарёро душманони ин миллат медонистанд ва аз гуреза шудани онҳо таблӣ шодӣ мезаданд, дар фикри кӯшиши ҷамъ кардану бозгардондани онҳо буд. ӯ дар фикри талоши пайванд кардани зарфи шикастаи ваҳдати миллати азияткашидааш буд.

Шиноснома

Назри Яздонӣ (Раҳматуллоев Назрулло) 18 августи соли 1949 дар ноҳияи Сангвор (ҳозира Тавилдара) таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Соли 1953 ба ноҳияи Сталинобод (ҳоло ноҳияи Рӯдакӣ) кӯчида омада дар деҳаи Маҳмадшоҳ маскун шудааст. Таҳсили ибтидоӣ ва миёнаро дар ҳамин ҷо (деҳаи Маҳмадшоҳ, калхози «Коммунзм»,) ба анҷом расонидааст.

Соли 1967 ба Институти педагогии шаҳри Душанбе, ба номи Т.Т. Шевченко ба факултети забонҳои хориҷӣ (шӯъбаи англисӣ) дохил шуда, соли 1971 онро хатм намудааст. Дар даврони донишҷӯй аввалин шеъру мақолаҳои илмиаш ба чоп расидаанд. Дар озмунҳои шеърӣ ва илмии донишҷӯён ширкат варзида муваффақият ёфтааст.

Баъди хатми Институт ба Шӯбаи фалсафа, бахши таърихи фалсафа, Академияи илмҳои Тоҷикистон ба кор омад. Соли 1981 дар Алма-Ато дар мавзӯи «Фалсафаи Ибни Сино» дар «Ишорат ва танбеҳот» рисолаи номзадӣ ҳимоя намуд.

Соли 1981 ба Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба ҳайси мудири шӯъбаи равобити адабӣ даъват шуда дар ин вазифа то соли 1991 фаъолият кард. Аз соли 1991 ба кумитаи оид ба корҳои дин дар назди Ҳукумати Тоҷикистон, ба сифати мудири шӯъбаи назорат ва ҳамоҳангӣ то соли 1999 кор кард. Ҳоло дар Академияи Илмҳои Тоҷикистон, Институти фалсафа ходими пешбари илмӣ ва дар айни замон мудири кафедраи фалсафаи ДДМТ мебошад.

Назри Яздонӣ ба мамолики Хиндустон, Венгрия, Русия (ва аксари ҷамоҳири собиқ шӯравӣ), Ирон, Ироқ, Туркия, Сурия, Урдун, Арабистони Саудӣ, Қатар сафарҳои хидматӣ кардааст.

Ашъораш дар китобҳои «Меҳрбон», «Тоҷикистон беҳтар аз ҷон» ва маҷмӯъаҳои дастҷамъӣ чоп шудаанд. Шеърҳояш ба забонҳои русӣ, ӯзбекӣ, украинӣ, эстонӣ, немисӣ тарҷума ва нашр шудаанд. Кӯшидааст дар заминаи анъанаҳои шеъри классикӣ, шеъри ҷаҳонӣ, шеъри мардуми тоҷик, шеъри нимоӣ шеъри тоза гӯяд. Ба ақидаи шеършиносони тоҷик сухани тоза мегӯяд. Бунёди шеъраш маъно, фаҳмо, зебо ва гӯё аст.

Аз забонҳои русӣ, англисӣ, арабӣ, ӯзбекӣ, урду, украинӣ тарҷума мекунад. Шеърҳо, достонҳо, қиссаҳо, романи А. Пушкин, М. Лермонтов, В. Шекспир, Ҷ. Байрон, Алӣ Сардор Ҷафрӣ, Л. Каррол, З. Бистшитская ва дигар адибони ҷаҳониро ба забони тоҷикӣ тарҷума кардааст. «Ишорат ва танбеҳот»-и Ибни Синоро аз забони арабӣ ба русӣ гардонидааст (бо ҳамқаламии М. Диноршоев ва Т. Мардонов).

Дар тарҷума аввалин шоирест, ки аз забони англисӣ ба тоҷикӣ тарҷумонӣ кардааст. Тарҷумаи «Ишорот» ҳам дар тарҷумаи илмии тоҷик аввалин намунаи баргардони бевоситаи арабӣ-русӣ аст.

Шумораи зиёди баёзҳои (антология) манзум, мансур, фолклорӣ таҳия ва тавзеҳ намудааст, ки ба забонҳои гуногун дар Киев, Минск, Таллин, Тошканд, Тбилисӣ, Ханой, Прага, София ва дигар шаҳрҳои ҷаҳон нашр шудаанд.

Муассис ва сардабири рӯзномаи «Алиф», ки соли 1998-1999 нашр мешуд. Ашъори зиёдашро устодони суруди тоҷикӣ оҳанг бастаанд ва месароянд, аз ҷумла дар хазинаи тиллоии радио зиёда аз 30 сурудаш мавҷуд аст.

Баҳори соли 1993 хуношом буд. Назри Яздонӣ хуб медонист, ки дар ин шабу рӯз на танҳо дар ҳимояи гурезаҳо чизе гуфтан баробари ҳукми марги худро баровардан буд, балки дар бораи Тоҷикистон ва ваҳдати мардуми он шеър гуфтан дар пай хатари ҷиддӣ дошт. Зеро душманони миллат дар либоси «дӯст»-у Дустум корҳоеро мекарданд, ки бо мардуми ин сарзамин дар тӯли таърих на Чингиз карда буду на Ҳитлер.

Шоирони ин сӯйи марзро он замон аз гуруснагиву аз марг навиштани мадҳияҳо дар васфи қумандонҳо наҷот медод. Ӯ ҳарчанд бо ин ду хатар, яъне ҳам бо гуруснагӣ ва ҳам бо одамхӯрони одамсират, борҳо даст ба гиребон шуда бошад ҳам, вале пешашон сар хам накард, партофтани донаи гавҳари суханро пеши пойи калоғон барои худ лоиқ надид. Ӯ дар фикри бо силоҳи хеш-кафшери сухан, пайванд кардани ду бародари ба иллати иштибоҳи ҷонибайн ба ҷони ҳамдигар қасдкардаву ва инак аз ҳам дуруфтода буд.

Ӯ бояд чизе менавишт, ки онҳоро ба ҳам наздик мекард. Ва ҳарду силоҳро ба замин мегузоштанд. Фирорӣ ба Ватан бармегашту дарватанбуда ӯро бародарвор қабул мекард. Дар он замон чунин як матлаберо навиштан бисёр зиёд хатар дошт. Аммо бо вуҷуди хатарҳои зиёд ӯ нидои қалби пурсӯзи худ, балки нидои пурсӯзи садҳо ҳазор чун худашро болои коғаз овард. Ва номашро гузошт «Тоҷикистон беҳтар аз ҷон».

Хуб, шеър ҳам навишта шуд. Аммо чӣ бояд кард, ки он ба гӯши мардумаш бирасад? Ку рӯзномае, ки онро чоп кунад? Билфарз агар рӯзномае ёфт шуду онро чоп ҳам кард. Ку хонандае, ки онро бихонад? Гурезаи дур аз Ватан онро чӣ гуна дарёфт кунад?

Назри Яздонӣ

Назри Яздонӣ

«Инҳо суолҳое буданд, ки маро лаҳзае ором намегузоштанд,-он давраро ба ёд оварда мегӯяд Назри Яздонӣ. Билохира ба хулосае омадам, ки ин шеъри худро дар шакли суруде бинависаму аз овозхони маъруфе хоҳиш кунам, ки онро ба оҳанг дароварда аз тариқи радио бихонад. Аз чӣ бошад он замон ба ёдам танҳо Саидқули Билол расид.

Ба худ гуфтам, ки танҳо ӯ метавонад маро дарк бикунад. Маҳз дар иҷрои ӯ ин суруд тобишу вазн ва қурби худро пайдо хоҳад кард. Шеърро дар варақе навишта ба дасташ додам. Гуфтам, ки агар битавонад ба он оҳанг бибандад. Саидқул онро як бор нигоҳ карду чизе нагуфта ба кисааш андохт. Гумон кардам, ки рӯзҳои зиёде мунтазири ҷавоб хоҳам шуд. Вале…»

«Мурғони саҳар ба ман ҳамовоз шуданд»

Таърихчаи эҷод шудани ин сурудро дар сӯҳбат бо муаллифи ин сатрҳо овозхони маъруфи тоҷик Саидқули Билол ин тавр баён кард: «Баробари шеърро хондан аз чӣ бошад, бароям он дар аввал хеле содда намуд. Гумон кардам, ки ҳама гапҳои он умумианд. Вале шаб дар хона вақте онро аз сари нав бо хотири ҷамъ бори дигар хондам, сӯзи қалби Назри Яздониро баръало эҳсос кардам.

Дидам, ки қалби ман низ ба сӯзиш даромад. Сари ҳар мисраъ ашк рехтам. Вақте пушти пионино нишастаму панҷа болои тугмаҳо бурдам, ин сози мусиқӣ беихтиёр оҳанги ҳазинеро аз худ берун кард. Гумон кардам, ки ин мӯниси шабҳои бехобиам акнун ӯ низ дарди шоирро дарк намуд. Чашмам болои варақи дастнависи Назри Яздонӣ давид. Садоям баланд шуд:

Тоҷикистон, Тоҷикистон,

Тоҷикистон, ҷону ҷонон,

Тоҷикистон беҳтар аз ҷон,

Беҳтар аз ҷонону ҷонон.

Баробари шунидани садои худ худи маро як эҳсосоти аҷибе фаро гирифт. Хаёл кардам ин садо аз гулӯ не, аз ҷони ман берун мешавад. Во аҷабо! «Тоҷикистон, Тоҷикистон, Тоҷикистон ҷону ҷонон» мегӯяму ашк мерезам. Такрор ба такрор ҳамин чаҳор мисраъро мехонаму ашк мерезаму ашк мерезам. Ин чор мисраъро чунон зиёд хондам, ки чун бо чашмони пурашк ба паҳлӯи худ назар афкандам дидам, ки аҳли хонаводаам қариб ҳама рост истода ҳамин чор мисраъро азёд мехонанд ва дар чашми аксарашон дурри ашк ҷило медиҳад. Ҳамин ҷо фаҳмидам, ки таронаи ғайриоддие таваллуд шуда истодааст. Ва ба сурудани шеър давом додам:

Захми чашм афтид бар рухсори ту,

Дар ҳавои софу дар ҷӯбори ту,

Оҳи сурху зард омад дар ҳаво,

Оби сурху зард андар ҷӯйҳо…

Сурудхониям то он даме давом кард, ки мурғони саҳар ба ман ҳамовоз шуданд. «Субҳ дамиду рӯз шуд». Ҳамсояам Лолахон дарамро куфту вориди хона гардид. Пурсид, ки шаб чӣ оҳанге буд, ки то саҳар ин қадар бо гудозу алам хондияш? Хомӯшона бори дигар пушти пионино нишаста, даст болои тугмаҳо бурдам ва таронаро бори дигар сурудам. Лолахон дар ҳоле, ки ашки чашмашро пок мекард, гуфт «ҳатман худи ҳамин рӯз сурудро бояд сабт кунам…».

Бале, Худо дигар он рӯзҳоро наорад, ки дили ҳар як фарди тоҷик доғе дошту сӯзе…».

(идома дорад),

Султони Ҳамад

Реклама