МАЪЛУМОТ ДАР БОРАИ БУЗУРГВОР

 

Ҳазрати Бурхи Сармасти Валӣ

Ҳазрати Бурхи Сармасти Валӣ

Маълумотро дар бораи волидайн ва наздикони бузургвор мо аз дастхате, ки дар соли 1997 аз Неъмат Абдуллоев, сокини деҳаи Найгуфи ноҳияи Тавилдара дастрас карда будем, ҷамъ овардаем. Дастхати мазкур дар ибтидои солҳои 1980 аз тарафи собиқ сокини деҳаи Боршид мулло Умар, ки дар ноҳияи Бохтар зиндагӣ мекард, ба Абдуллоев Суннат ва Алиев Назар супорида шуд.Баъд аз баррасии санади мазкур аз тарафи олимони Инситути шарқшиносӣ ва меросӣ хаттии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла олими шинохта Амрияздон Алимардонов маълум гардид, ки дастхат дар охири асри XIX аз рӯйи дастхати қадимтар бо хатти настаълиқи тунд нусхабардорӣ шудааст.

Дастхат аз 63 саҳифа иборат буда, дар он дар бораи падару модар, бародару хоҳар ва ба Кӯҳистон омадани бузургвор маълумот дода мешавад. Дар дастхат якчанд қиссаи дигар дар бораи Ҳазрати Бурх низ омадааст. Дар саҳифаҳои 58-61 -уми дастхат номи 36 мутаввалии оромгоҳи бузургвор қайд гардидааст.

Дар бораи чунин дастхат ҳанӯз дар солҳои 30-юми асри гузашта олими рус Н.А. Кисляков маълумот дода буд. Н.А. Кисляков таъкид карда буд, ки дар дастхат номи 14 муттавалӣ зикр ёфтааст. Дар дастхати дар ихтиёри мо буда номи 36 муттавалӣ зикр ёфтааст ва агар аз рӯи ҳисоби Н.А. Кисляков давраи иҷрои вазифаи мутаввалиро 25-30 сол тахмин кунем, пас таърихи бунёд ёфтани мақбараи Ҳазрати Бурхи Сармасти Валӣ бештар аз 1000 солро дар бар мегирад.

Н.А.Кисляков хулосаи тадқиқотҳои худро дар бораи шахсияти Ҳазрати Бурх ва гузаштаи таърихии мазори вай дар мақолаи худ — «Бурх-горный козел» дар соли 1934 дар маҷаллаи «Советская этнография» ба чоп расонида буд.

Баъд аз таҳлили маълумотҳои ба дастоварда дар бораи Ҳазрати Бурх Н.А.Кисляков қайд менамояд, ки дар ривоятҳо ва нақлҳо дар бораи ин бузургвор чандин маротиба нахчир ёдовар мешавад: бо амри Бурх нахчир худро ба бинокорони мақбара барои забҳ кардан таслим менамояд; дар ҷое, ки хуни нахчир рехтааст чашма фаввора мезанад; хоки чашма мӯъҷизанок буда, бо номи «хоки Бурх» ёд мешавад; қабри авлиё бо бӯрёи аз пашми буз бофташуда пӯшонида шудааст ва гайра.

Ҳамаи инро ба назар гирифта, Н.А.Кисляков ба хулоса меояд, ки симои Бурхи Валӣ дар натиҷаи тадриҷан тағйир хурдани тасаввурот дар бораи нахчир — тотем — нахуставлод ба вуҷуд омада, пас тасаввурот дар бораи рӯҳи муқаддас -Хоҷаи буз ба вуҷуд омада аст. Ислом бошад, худои дунёи қадимаро муқаддас, авлиё сохта аст. Ин аст моҳияти хулосаи Н.А.Кисляков. Бояд қайд намуд, ки ин нуқтаи назар аз тарафи дигарон дастгирӣ пайдо намуда буд.

Ҳазрати Бурхи Сармасти Валӣ

Ҳазрати Бурхи Сармасти Валӣ

Ақидаи гузаштаи тотемӣ доштани мазори Ҳазрати Бурх ва Хоҷаи Хлозро ҳанӯз дар ибтидои солҳои 70-уми асри гузашта В.Н.Басилов рад намуда буд. В.Н.Басилов барои рад кардани ақидаи Н.А. Кисляков таъкид менамояд, ки иштироки ҳайвонҳо дар ривоятҳо дар бораи авлиёҳо қариб характери анъанавӣ дорад, яъне ин хусусияти хоси мазори Ҳазрати Бурх намебошад. Масалан, дар ноҳияи Конибодом ҷойи муқаддас бо номи Хоҷа Такка Бурд вуҷуд дорад, ки мувофиқи ривоят гӯё авлиёро ба ин макон нахчир овардааст.

Далели дуввуме, ки В.Н.Басилов барои рад кардани ақида дар бораи хусусияти тотемӣ доштани Ҳазрати Бурх ва мазораш овардааст, ба фаъолияти ҳунармандии авлиё вобаста мебошад. Чунин пайванд ба дигар авлиёҳо ҳам хос аст. Масалан, дар Хоразм пуштибони ҳунари кулолгарӣ Баховуддини Валӣ мебошад, ки дар қарни XIV зиндагӣ кардааст.

В.Н.Басилов қайд менамояд, ки дархотираи мардуми Вахё дар бораи барқарор гардидани парастиши Ҳазрати Бурх ёддоштҳои зиёд вуҷуд доранд. Аз ҷумла, дар ривоятҳо қайд мегардад, ки Бурх ба ин минтақа ҳамчун мусофир омада, ин ҷойро макони худ қарор додааст.

«Ҳамин тариқ,-қайд менамояд В.Н.Басилов,- парастиши Бурх дар болооби Оби Мазор тахминро дар бораи он, ки симои авлиё дар асоси аз байн рафтан ва бо мурури замон шаклҳои навро гирифтани ҷаҳонбинии тотемии мардуми маҳаллӣ ба вуҷуд омадааст, тасдиқ намегардад… Ёд шудани ин ҳайвонҳо дар ривоятҳо дар бораи баъзе авлиёҳои мусулмонӣ асос шуда наметавонад, ки тахмин намоем — парастиши ин авлиёҳо бо парастиши тотемии нахчирҳо ва гусфандон алокаманд аст.»

Аз дастхати аз деҳаи Найгуф пайдошуда маълум мегардад, ки Ҳазрати Бурхи Сармасти Валӣ дар замони Ҳазрати Мусо алайҳиссалом, дар оилаи Ҳазрати Ҳошим Ҷабалӣ, ки яке аз наберагони Шиси Набӣ алайҳиссалом буд, ба дунё омадааст. Модараш Бибӣ Ҷалилаи Арафотӣ буда, се бародар доштааст: Ҳазрати Турки Абдол, Барқи Абдол ва бародари хурдӣ, ки номи у зикр наёфтааст. Эшон дар Арафот зиндагӣ мекарданд. Падараш Ҳазрати Ҳошим Ҷабалӣ дар Арафот вафот кардааст.

Дар дастхат омадааст, ки бародарон аз мардуми диёрашон ранҷиши зиёд мебинанд. Барои ҳамин Ҳазрати Бурхи Сармасти Валӣ бо ҳамроҳии бародаронаш ба назди модарашон мераванд ва воқеаро арз карда, аз модарашон хоҳиш мекунанд, ки ҳамроҳи онҳо аз Арафот баромада равад. Бо ҳамин сабаб оилаи Ҳазрати Бурхи Сармасти Валӣ тарки ватан мекунад.

Аз Арафот онҳо ба Рум мераванд ва аз Рум ба банди Кобул, дар Кобул яке аз бародараш вафот мекунад. Аз банди Кобул ба Толиқон мераванд, дар Толиқон бародари хӯрдии вай вафот мекунад. Ҳазрати Бурхи Сармасти Валӣ баъд аз дафни бародар бо модари худ ба замини шаҳри Бо мераванд.

Қариб 11 сол дар он ҷо мемонанд ва модараш низ вафот мекунад. Баъди аз ин чанд муддате он ҷо мемонад. Рӯзе модарашро дар хоб мебинад, ки ба ӯ хитоб мекунад: «Туро рухсат кардам, ҳар куҷо, ки хоҳӣ, бирав». Баъд он ҷойро тарк карда, ба замини Боршиди водии Вахё меояд. То он рӯзе, ки Бобои Ҳоҷӣ ӯро ошкор кард, чил сол дар таги дарахти чибарғ ба зикри Ҳақ машғул будааст.

Вақте ки Бобои Хоҷӣ ӯро меёбад, бузургвор ба вай мегӯяд: «маро рухсат ба ту буд, ки ошкор кунӣ ва акнун бояд биравӣ ва аз нишонсанги Хлоз то сарҳади Бохтаку Боршид ҳамаро ҷамъ оварӣ, то марқади маро обод кунанд…»

Ҳазрати Бурхи Сармасти Валӣ байни халқҳои Осиёи Миёна ва берун аз он шӯҳрату шаҳомати зиёде дошта, дар байни мардум то имрӯз дар бораи ӯ хотираҳои зиёд боқӣ мондааст. Бузургвор дар байни мардуми узбак бо номи Бурхавлиё, Девонаи Бурх, қазоҳхо — шайх Бурхдевона, туркманҳо — Бурқут-бобо, Бурқут-девона ва «пири борон» ва дар байни халқи араб ва тоҷик бо номи Бурхи асвад, Бурхи абдол ва ғайра ёд мешавад.

Ҳамин шӯҳрат аст, ки дар аксари манотиқи Осиёи Миёна мазору қадамгоҳи ин бузургвор бунёд шуда, то ҳол вуҷуд доранд.

Доир ба Ҳазрати Бурх адиби тоҷик Салимшо Ҳалимшо овардааст: «Дар «Вандидод» омадааст: Ҳафтумин ҷоеро, ки Ҳурмузд офарид, Ваекерета буд». Маънои Ваекерета пули бахт аст. Аз «Авесто» медонем, ки «Пули Бахт» роҳ ба сӯи кишвари ҷовидонӣ мебарад. Ваекерета дар он ҷоест, ки аспи обӣ дорад, деҳаҳои дишсоя он ҷост, кӯҳи Вистон он ҷост, ки бар қуллаи худ гаҳвораи сангин дорад.

Луғати Авестоии Ваекерета имрӯз дар шакли Вахё исми маҳаллест дар домани кӯҳи Вистон, ки зиёратгоҳи Ҳазрати Бурхи Сармасти Валӣ он ҷост. Барх ва ё Бурх ҳам маънои баҳра ва бахтро дорад. Ҳамаи ин нишонаҳои Ваекерета, ки дар мутуни паҳлавӣ ёдрас шудаанд, бо тамоми ҷузъиёт дар даромадгоҳи Дарвоз вуҷуд доранд.

Инчунин дар даромадгоҳи Вахё ҷариест бо исми Чари Бахт. Аз рӯи ривояти мардум пули бахт дар фарози он ҷарӣ вуҷуд доштааст…»

Мӯҳтарам Ҳотам дар мақолаи «Зодгоҳи Зардушт» дар асоси матни китоби машҳури «Авасто» дар таҳияи оғои Ҳошим Разӣ, ба хусус номҳои маҳалҳо, кӯҳҳо, дарёҳо, кӯлҳо ва дигар мафҳумҳои ҷуғрофиро таҳлил намуда, мутобиқати баъзе онҳоро ба номҳои имрӯзаи кӯҳистон -ноҳияҳои Рашт ва Тавилдара таъкид намудааст.

Дар бораи таърихи гузаштаи оромгоҳи Ҳазрати Бурхи Сармасти Валӣ муаллиф фикрҳои ҷолиберо низ ба қалам овардааст. Аз ҷумла М. Ҳотам дар бораи маънои вожаи «Бурх» навиштааст: «…ба тахмини мо маънои вожаи «Бурх» -«ҳазрат» ва ё «бузургвор» буда, номи ин бузургвор на Бурх, балки дигар аст. Дар тӯли асрҳои зиёд вожаи Бурх — Ҳазрат номи аслии ин авлиёро шояд ба худ шрифта бошад».

Дар охир муаллиф ба далелҳои овардаи Ҳ. Дӯстзода дар бораи ба замонҳои хеле қадим тааллуқ доштани мақбараи Ҳазрати Бурх, саҷдагоҳи даврони тоисломӣ будани он такя намуда, ба чунин хулоса омадааст: «Ин мисолҳо далолат бар он мекунанд, ки миёни паёмбари ирониёни бостон Зардушт ва Ҳазрати Бурх кадом як иртиботе вуҷуд дошта ва ё вуҷуд дорад.»

Дар навбати худ мо шабоҳат доштани номҳои баъзе аз мавзеъҳои Тоҷикистони имрӯзаро бо номҳои дар «Авесто» ва дигар сарчашмаҳои нодири таърихии аҷдодонамон зери шӯбҳа намегузорем. Вале дар асоси ин мутобиқати вожаҳои ҷуғрофӣ мо наметавонем ба хулоса биёем, ки Ҳазрати Бурх ҳамзамони Зардушт буд ва ё не.

Яке аз хусусиятҳои муҳимми оини зардуштӣ дар замин нагуронидани ҷасади мурдагон буд. Агар Ҳазрати Бурх ба замони Зардушт тааллуқ медошт, шояд оромгоҳи ӯ то имрӯз боқӣ намемонд. Дар бораи маросим ва анъанаи ривоҷёфтаи дафн кардани мурдагон дар оини зардуштӣ маълумоти зиёд вуҷуд дорад, ки он тамоман дигар аст. «Ҳеҷ кас ҳақ надошт, ки дар замин насади одам ё сагро гӯр кунад, барои ин кор ӯро 500 қамчин мезаданд.

Заминеро, ки дар он ҷо одам ё саг мурдааст, дар муддати як сол истифода кардан мумкин набуд. Дар хонае, ки мурда шудааст дар зимистон баъд аз нӯҳ рӯз ва тобистон баъд аз як моҳ оташ даргирондан мумкин буд. Ҷасади мурдагонро ду мурдакаш ба рӯи санглохе бурда, аз пой ва мӯйҳояшон мебастанд, ки даррандагон устухони онҳоро набаранд. Баъд устухонҳоро ҷамъ карда, дар оссуарийхо (зарфи махсус, устухондон — А.Ш.) мегузоштанд. Мурдакашҳо аз обу оташ то 30 қадам ва аз одамон то 3 қадам бояд дур меистоданд.»

Соли 2001 аз тарафи Бунёди фарҳанги Тоҷикистон, Пажӯҳишгоҳи фарҳанги форсӣ-тоҷикӣ ва Қонуни байналмилалии Олимпур китоби «Чаҳордаҳ Мазор» ба чоп расида буд. Дар ин китоб мақолаи доктори илмҳои таърих, бостоншинос Юсуфшоҳ Ёқубов — «Ҳазрати Бурхи Сармасти Валӣ» нашр ёфтааст.

Дар мақола Ю. Ёқубов таъкид менамояд, ки Ҳазрати Бурх дар байни мардуми Осиёи Марказӣ дар шумори шахсиятҳои маъруф ва бузург шомил аст. Дар миёни узбакҳо бо номи девонаи Бурхавлиё, дар байни қазоқон бо номи шайх Бурхдевона, туркманҳо Бурқутбобо, Бурқк девона машҳур буда, дар ҳама ҷо мазорҳо дорад:

«Дар шаҳри Урганҷ мазори ҳазрати Бурх мавҷуд аст, ки ҳамарӯза онро садҳо нафар одамон зиёрат мекунанд. Бояд тазаккур дод, ки аксарияти зиёраткунандагон кӣ будани Ҳазрати Бурхро намедонанд. Туркзабонон ӯро Каштаавлиё ва тоҷикон Ҳазрати Бурхи Сармасти Валӣ меноманд.

Ҳеҷ кас таърих ва замони ӯро намедонад. Дар сарчашмаҳои таърихӣ дар бораи Бурх маълумоти дақиқ ва боэътимод нест. Бар мабнои ривоятҳо, ки дар пояи муболиға офарида шудаанд, наметавон ба дурустӣ дар бораи шахсияти ӯ хулосабарорӣ намуд.»

Тобистони соли 2006 дар сӯҳбат бо мо Хоҷӣ Исмоил Пирмуҳаммадзода дар бораи шахсияти Ҳазрати Бурхи Сармасти Валӣ чунин изҳор намуданд: Дар байни мардуми мо ва умуман Осиёи миёна ин Ҳазрат бо номи Ар-раҷулу Асвад машҳур ҳастанд. Унвони Қутбулорифинро бузургон дар ҳақашон нисбат медоданд.

Аз сарчашмаҳои таърихӣ ба мо аён мегардад, ки Ҳазрати Бурхи Сармасти Валӣ аз қавмҳои Ҳазрати Мӯсо алайҳиссалом буданд. Ҳазрати Хизр алайҳиссалом низ дар замони Мӯсо Пайғамбар зиндагӣ кардаанд.

Бешак чунин савол ба миён меояд, ки чаро мардуми мо Ҳазрати Бурхи Сармасти Валиро дӯст медоранд?

Яқин ҷавоб ин хоҳад буд. Яҳуд аз рашке, ки ба Пайғамбар салаллоҳу алайҳи ва саллам дошт, номи Пайғамбари Худо, ки дар Таврот зикр меёфт, ҳатман хат мезад, ё умуман метарошид.

Ҳазрати Бурхи Сармасти Валӣ чунин мактабхонаеро бунёдгузорӣ намуданд, ки китоби Тавротро, тавре ки аз Худованд ба Ҳазрати Мӯсо алайҳиссалом нозил шуда буд, ба мардум таълим медоданд. Пӯшида нест, ки Тавроти ҳақиқӣ зери нидои осмони «Қул ҳуваллоҳу аҳад…» будааст.

Ҳамон таъминоти ҳастиро ва Худои ягонаро, ки аз ӯ касе таваллуд нашудааст ва аз ӯ касе таваллуд нахоҳад шуд, ҳамчунин пайғамбарони Худоро, ки онҳо фиристодагони Худованд ба сӯйи бандагони Худо ба мардум аз нуқтаи назари ҳақиқат муарифӣ мекарданд.

Аз ҳамин рӯ, Ҳазрати Бурхи Сармасти Валӣ барои умматони Ҳазрати Муҳаммад салаллоҳу алайҳи ва саллам хело шахсияти дӯстдошта мебошанд. Онҳо тарафдорони Ҳазрати Бурхи Сармасти Валӣ тавротҳое, ки дар онҳо номи поки Ҳазрати Муҳаммад салаллоҳу алайҳи ва саллам омада буд, чун гавҳараки чашм нигоҳ медоштанд, ки баъди Ҳазрати Мӯсо алайҳиссалом ва Ҳазрати Исо алайҳиссалом пайғамбаре ба дунё меояд, ки номи ӯ Аҳмад салаллоҳу алайҳи ва саллам аст.

Мардуми мо ин шахсияти бузургро хело ҳам дӯст медоранд. Агар ба номҳои мардуми мо назар кунем, мебинем, ки мардум номи фарзандонашонро сиёҳмард ном мемонанд. Ё дар оилаҳои инглис ва умуман урупоиҳо номгузории швартснегер (марди сиёҳ) дида мешавад.

Инро ҳангоми сафарам ба ин нуқот мушоҳида намудам. Баьди пурсишҳо маълум шуд, ки ин ном швартснегер решаи динӣ дорад. Эҳтимоли қавӣ меравад, ки швартснегер-марди сиёҳ ин тарҷумаи таҳтуллафзии Ар-руҷулу асвад мебошад, ки бо номи ин абармард мехоҳанд, ки фарзандонашонро номгузорӣ кунанд.

Дар сарчашмаҳои таърихӣ ва осори илмӣ дар бораи ин бузургвор маълумоти зиёд мавҷуд аст. Дар асоси онҳо ба чунин хулоса омадан мумкин аст, ки Ҳазрати Бурхи Сармасти Валӣ ҳамзамони Ҳазрати Мӯсо алайҳиссалом мебошад. Яъне бештар аз 3000 сол пеш зиндагӣ намуда, дар байни мардум соҳиби иззату эътибору икроми баланд буд ва то имрӯз онро соҳиб аст.

Реклама