Вахё

Вахё

Аз маълумотҳои бадастомада маълум мегардад, ки водии Вахё таърихи бостонӣ ва бою рангин дорад. Қадимтарин ёдгории таърихии аз ин водӣ пайдошуда табари биринҷӣ мебошад. Ин табар моҳи июни соли 1932 аз тарафи коргарони ширкати тиллошӯии «Тоҷикзолото» дар наздикии деҳаи Сангвор пайдо карда шуд.

Дар соли 1933 Сардори раёсати маъдани ноҳияи Тавилдара А. Алтер табари мазкурро ба Осорхонаи Институти антропология ва мардумшиносии Академияи Улуми Иттиҳоди Шӯравӣ супорида буд. То ҳол ин табар (тахта рақами 5124/1) дар он ҷо нигоҳ дошта мешавад.

Табар фонашакл буда, дарозии он 10,6 см ва бараш 4,3 см мебошад. Сурохии гушаки он хеле калон (қутраш 3,3 см — 3,5 см) ва наздик ба тарҳи дойра мебошад. Баландии табари Сангвор то дами он — 7,2 см ва то мӯҳраи табар — 3,7 см мебошад. Ба ақидаи олимон табар аслиҳаи ҷангӣ мебошад, аз ҷумла бостоншиноси маъруф Б. Литвинский тахмин мекунад, ки ин табар ба давраи асри биринҷ (охири ҳазорсолаи сеюм ва чоряки аввали ҳазорсолаи дуюми пеш аз милод) тааллуқ дорад.

Табари ба ҳамин монандро тирамоҳи соли 1957 дар кишлоқи Арақчини ноҳияи Варзоб Нарзулло Розиқов дар вақти корҳои саҳроӣ ёфта буд. Дар ҳавзаи дарёи Хингоб бар асари кофтуковҳои бостоншиносии соли 1982 боқимондаҳои якчанд ёдгориҳои таърихӣ дарёфт ва тавсиф карда шуданд. Дар байни онҳо «Қалъаи Шер — 1», «Қалъаи Шер — 2» ва «Қалъаи Лохарв» (талаффӯзи маҳаллии он Лухарвӣ ё Лулихарвӣ — А.Ш.) аҳамияти бештардоранд.

Аз сабаби он ки ин ёдгориҳо мавриди таҳқиқи амиқ қарор нагирифтаанд, давраи дақиқи сохта шудани онҳо ҳанӯз маълум нагардидааст. Мувофиқи ақидаи бостоншиносони кишварамон ин ёдгориҳои таърихӣ ба ибтидои давраи асрҳои миёна тааллуқ доранд.

Вахё

Вахё

«Қалъаи Шер-1» дар шимоли деҳаи Миёнаду, дар теппаи канори соҳили чапи дарёи Хингоб воқеъ аст. Теппа шакли секунаҷаи нобаробарро дошта, андозаи он дар қисми ҷанубу шарқӣ — 150 м, ҷанубу ғарбӣ — 150 м ва шимол 85 м аст. Девори муҳофизатӣ дар шакли садди васеи сангӣ дар тарафҳои шарқӣ, ҷанубӣ ва ғарбӣ ҳанӯз боқи мондааст. Дар қисми шимолии қалъа ҷарии ҷуқур ва нишебии рост фуруомада мегузарад ва аз ин сабаб дар ин ҷо девори муҳофизатӣ вуҷуд надорад. Деворҳо манораҳои тухмшакл доштаанд.

Дар болои «Қалъаи Шер -1», боқимондаҳои иморот дар шакли теппаҳои хӯрд дида мешаванд. Пораҳои сафолҳои аз гаҷ тайёршуда вомехӯранд, ки соли сохта шудани онҳо маълум карда нашудааст. «Қалъаи Шер-2» дар масофаи 200 м ғарбтар аз «Қалъаи Шер — 1» дар ҳамон суффа теппа ҷойгир аст.

Ин қалъа ба шакли доиравӣ аз Ғарб ба тарафи Шарқ — 60 м ва аз Ҷануб ба Шимол 30 м ва баландии 5 м тӯл кашидааст. Қалъа мустаҳкам шуда буд. Деворҳои муҳофизатӣ дар шакли садди сангӣ маҳфӯзанд. Аз тарафи Шимол девори муҳофизатӣ вуҷуд надорад, чунки ин қисмро ҷарии рост муҳофизат мекард. Дар болои қалъа анвоъи зиёди шикастапораҳои хум ва зарфҳо дида мешавад.

«Қалъаи Лохарв» (Чиниёб — А.Ш.). Дар тарафи чапи роҳ байни деҳаи Иштиён ва деҳаи Миёнаду боқимондаҳои қалъа мавҷуд аст, ки он дар баландии соҳили рости дарёи Хингоб ҷой дорад. Қалъа шакли чоркунҷаи нодурустро дорад. Андозаҳои он дар қисми ғарбӣ — 110 м, қисми ҷанубӣ — 70 м, аз ҷониби ҷануб ва ҷанубу ғарбӣ бо ҷарии рост фаро гирифта шудааст. Дар тарафҳои Шимол, Шарқ ва Ғарбии он харобаҳои муҳофизатӣ бо манораҳо боқӣ мондааст, ки дар айни замон намуди садди баландро доранд.

«Қалъа бисёр мустаҳкам буда ва роҳи қад-қади дарёи Хингобро банд мекард. Дар сатҳи он шикастапораҳои зиёди сафолин мавҷуд аст, ки санаи сохта шудани онҳоро муайян намудан ғайриимкон аст.»

Олими шинохта Н. А. Кисляков дар асари худ «Очеркҳои таърихӣ Каротегин» дар бораи сокинони қадимаи ин минтақа ба таҳқиқотҳои олимони рус такя намуда, қайд мекунад, ки дар замонҳои хеле қадим дар ин минтақа авлодони сакҳо иқомат доштанд. Н. А. Кисляков ба истинод аз В.В. Бартолд ва В.Минорский ин фикри худро тасдиқ намудааст.

Вахё

Вахё

Дар бораи аҳолии қадимаи ин минтақа мо маълумотро аз тадқиқотчиёни рус пайдо карда метавонем. В. Минорский дар шарҳи худ оид ба тарҷумаи асари муаллифи номаълуми «Ҳудуд-ул-олам» машҳур ба дастнависи Туманский бо эҳтимоли қавӣ ба хулосае меояд, ки кумедиҳо — сокинони қадимаи ин водӣ авлоди мардумонии аслии ин минтақа, бозмондагони сакҳои қадим буданд. Барои тасдиқи ин фикр В. Минорский ба Батлимус муроҷиат мекунад, ки мувофиқи маълумотҳои вай сокинони кишвари Кумед аз қабилаи сакҳо — кумедҳо иборат буданд.

Дурустии ин ақидаро олими маъруфи тоҷик, академик Бобоҷон Ғафуров тасдиқ кардааст. Дар бораи аҳолии Осиёи Миёна дар давраи пеш аз мелод дар «Тоҷикон» чунин омадааст: «Дар асрхои VII — VI пеш аз милод… cap то сари Осиёи Миёнаро комилан халқиятҳои эронӣ -бохтариҳо, хоразмиҳо, суғдиҳо, гурӯҳҳои сакоӣ ва ғайра ишғол мекарданд. Дар асоси ҳамин халқиятҳо ва қабл аз ҳама, бохтариҳо ва суғдиҳо дар марҳилаҳои аввали асри миёна халқи тоҷик ташаккул ёфт».

Кумед (Кумето) дар сарчашмаҳои чинӣ бо номи Тсзюймито (Kiu-mi-tho) омадааст. В.В. Бартолд қайд мекунад, ки Кумедро Ибни Руста — «Кумиз» ва Яъқубӣ -«Кумод» ном бурдаанд.

Доир ба мавқеияти ҷуғрофии Кумед низ дар байни донишмандон ақидаҳои гуногун вуҷуд дорад. Баъзеҳо онро дар водии Рашт, баъзе дар болооби дарёҳои Кофарниҳон ва Сурхон ва гурӯҳе дар ҳудуди ноҳияҳои имрӯзаи Дарвоз ва қисми ғарбии Бадахшон ҷустуҷӯ намудаанд.

В.В. Бартолд ба муқобили он ақида баромада буд, ки гӯё Кумед дар водии Рашт ҷойгир шуда бошад. Ҳанӯз дар ибтидои асри XX дар асари худ «Туркистон дар даврони тохтутози муғулҳо» В.В. Бартолд Кумедро дар баробари Рашт ва дигар ноҳияҳо ном мебарад. Бори дигар дар мақолаи худ «Қаротегин» вай менависад:

«Кишвари «комедҳо» ин албатта Кумеди ҷуғрофияшиносони мусулмонӣ, Тсзюй-ми-дои сайёҳони чинӣ мебошад. Мусулмонҳо ин минтақаро дар соҳили дарёи Вахш, поёнтар аз Қаротегин ҷой медиҳанд; ба ҳайати он имкон дорад Дарвоз ва қисми шимолии Бадахшон дохил мешуданд. Зеро мувофиқи шаҳодати чиниҳо аз тарики Кумед роҳ аз Хуттал (ноҳияи байни Панҷ ва Вахш) ба Шуғнон мегузашт.»

Вахё

Вахё

Яке аз зоирони буддоӣ Сюан-тсзян, ки дар соли 630 ба Осиёи Миёна сафар намудааст, Тахористонро зери ҳокимияти туркҳо дарёфт карда буд. Ин сайёҳ қайд менамояд, ки дар асари мубориза байни сардорони Тухоло (Тахористон) ин давлат ба 27 давлати хурд тақсим шуда, ниҳоят тобеи туркҳо гашт. Сюан-тсзян як қатор музофотҳои Тахористон — Чиғониён, Хо-лу-мо, Шумон, Хутало ва Ку-ми-то-ро ном мебарад. Ин номҳоро таҳқиқотчиён кӯшиш кардаанд, ки ба баъзе аз манотиқи Тоҷикистони имрӯза шабоҳат диҳанд.

Таҳлили чуқури сарчашмаҳо ва бахусус натиҷаҳои сафарҳои сайёҳони чинӣ дар асари олими шӯравӣ Л.А. Боровкова оварда шудааст. Дар асоси муқоисаи маълумотҳои сайёҳони чинӣ бо маълумотҳои сайёҳони араб ва топонимикаи имрӯзаи Тоҷикистон муаллиф фикрҳои ҷолиб ва раднашавандаро иброз кардааст.

Маълум аст, ки минтақаҳои зиёди Осиёи Миёна, аз ҷумла Тоҷикистон дар давраҳои қадим, дар давраи мавҷудияти роҳи машҳури абрешим нақши муҳимро иҷро мекарданд.

Л.А. Боровкова аз ҷумла менависад: «Бо мақсади ҳифз намудани пайдарҳамии мавқеияти давлатҳо дар роҳи корвонгард маълумотҳои бадастомада имконият медиҳанд, ки мо Тсзюймиторо дар водии дарёи оби Хингоб маҳдуд намоем. Ин дарё дар китоби «Син Тан шу» Хэйхе (дарёи Сиёҳ) номида шудааст. Аниқтар гӯем, ин давлат дар ҳудуди минтақаи Тавилдара воқеъ гардида буд, ки аз он роҳи ягонаи корвонгузар ба Помири Ғарбӣ ва минбаъд то Хоруғ мерафт.

Дар он ҷо Шини (Шитсини ва Хуми) Дамоситеди воқеъ буданд. Дарёи Фочухэ, ин ҷо дарёи Панҷ дар хақиқат ҷанубтар аз Тавилдара мегузарад, вале то он фосила зиёд аст. Аз ин ҷо фикри мавҷудбуда дар бораи дар минтақаи Дарвоз вуҷуд доштани Тсзюймито (на Тсюэмичжи) тибқи ҳисобҳои мо тасдиқ мегардад.

Ақида дар бораи дар минтақаи Дарвоз, дар гузашта вуҷуд доштани давлати қадимаи Кумед (бо ибораи чинӣ Тсзюймито) аз тарафи олими шӯравӣ A.M. Манделштам дастгирӣ пайдо карда буд. Дар сарчашмаҳои таърихии ба давраи ҳукмронии Сомониён тааллуқдошта номи амирони Чағониён (Сағониён) Абӯбакр Муҳаммад ибни Музаффар ва писари ӯ Абӯалӣ Аҳмад ибни Муҳаммад, ки ҳокимони Хуросон буданд, ёд оварда мешаванд.

Вахё

Вахё

Дар сарсухани В.В. Бартолд оид ба ёддоштҳои Минорский дар бораи асари машҳури «Ҳудуд-ул-олам» чунин омадааст: «Пас Абӯалӣ (амири Чағониён) аз амири Хатлон ёрӣ хост ва худ лашкар ҷамъ кард… (Пас мадад андар расид Абӯалиро аз Кумеҷиён ва амир аз Жост, ин фақира ёрӣ хостани моро ба мафҳуми талабидани кӯмак таъйид мекунад). В.В. Бартолд дар ҷойи дигар қайд менамояд, ки амирони Чағониён баъди барҳам хурдани сулолаи Сомониён ҳам ҳокимияти худро нигоҳ доштаанд.

Олимп рус Н. А. Кисляков дар солҳои 30 асри XX дар водии Вахё кору зиндагӣ намуда, таърих, вазъияти иҷтимоӣ — иқтисодӣ ва расму суннатҳои мардуми Вахёро омӯхтааст. Вай якчанд асару мақолаҳо ба табъ расонида буд.

У дар бораи аввалин сокинони ин минтақа чунин овардааст: «Ривоятҳо таъкид мекунанд, ки аввалин муҳоҷирони аз Ёхсу омада чаҳор бародарон будаанд, ки яке аз онҳо ба Қаротегин рафтааст. Се нафари боқимонда дар ҳавзаи дарёи Хингоб макон гирифтанд. Онҳо Хлоз (xloz ё хоса. xocaji xloz), Турк (turg) ва Box (vox) ном доштанд.

Якумӣ дар деҳаи Резак воқеъ дар наздикии Чилдара, дар поёноби Хингоб, дуввумӣ дар Тавилдара, дар қисмати миёна ва сеюмӣ дар Вахёи Боло ҷой гирифтанд. Ин се шахсияти асотирӣ поягузорони асосии се гурӯҳи аслии аҳолии ҳавзаи дарёи Хингоб — Хлоз (xloz), Туркия (turkija) ва Вахё (vaxijo) гардиданд…

Қабри Хоҷаи Хлоз дар деҳаи ҳамноми назди Чилдара воқеъ аст. Қабри Вохро мебояд дар деҳаи Ҳазрати Бурх дар Вахёи Боло эҳтимол намуд, зеро ақидае вуҷуд дорад, ки номи Бурх таҳрифшудаи «Box» аст. Хоҷаи Хлоз ва Box шояд гузаштаи тотемӣ дошта бошанд, чунки аввалӣ дар симои паланг ва дуввумӣ дар симои нахчир зуҳур ёфтаанд.»

Таърихшиноси маъруф Б.А. Литвинский ба тадқиқотҳои забоншиноси аврупоӣ X. Бартоломео ва олимони амрикоӣ такя карда, дар бораи номҳои қадимаи қабилаҳои Осиёи Миёна таъкид кардааст: «Номҳои қадимаи қабоили кӯчии осиёимиёнагӣ дар сарчашмаҳои хаттӣ вомехӯранд, ин номҳо дар «Авесто» барои муайян намудани душманони эрониҳои муқимӣ, аз ҷумла бо номи турҳо (tura), ки дар Яшти XYII, 55-56 ҳамчун «турҳои дороӣ аспҳои тезрав» ёд мешаванд.

Вахё

Вахё

Ин ном дар яке аз қисматҳои қадимтарини Авесто, дар Готҳо дар робита бо шарҳи фаъолияти Зардушт вомехӯрад, ки дар он ҷо дар бораи муносибати дӯстонаи авлоди турҳои Fryana (Ясно, 46, 12) сухан меравад. Агар муқарар карда шавад, ки замони зиндагии Зардушт нимаи аввали асри VI буда бошад, пас метавон эътироф намоем, ки ҳатто ҳамон замон як қисми қабоили турҳо бо манотиқи муқимӣ ва кишоварзӣ робитаи зич доштаанд.

Аз ин хулоса баровардан мумкин аст, ки ба номи Тур ва ё Туркия омадани номи баъзе маҳал ва деҳаҳо, аз ҷумла дар манотиқи дурдасти кӯҳистонӣ ин маънои онро надорад, ки аҷдоди гузаштаи ин маҳалҳо қабилаҳои турк ва ё туркнажод буданд. Эҳтимоли қавӣ меравад, ки қабилаҳои турҳо ҳамон қабоили сакоӣ, яъне боқимондаҳои ориёиҳо ҳастанд.

Ҳамин тавр, андак бошад ҳам, мо бо таърихи пешинаи ин водӣ ошноӣ пайдо намудем. Аз таҳлили сарчашмаҳо ва таҳқиқотҳои олимон дар бораи таьрихи гузаштаи ин минтақа чунин хулоса бармеояд, ки то ибтидои асри XI мо дар бораи Кумед маълумот пайдо карда метавонем.

Баъди аз байн рафтани давлати Сомониён ва ба сари ҳокимият омадани қавмҳои бодиянишини турк, баъдан муғулҳо ва хонҳои узбак қисмати зиёди кӯҳистони Тоҷикистони имрӯза дар муҳосираи тулонӣ монда буд.

Бояд қайд намуд, ки дар байни мардуми водии оби Хингоб ақидае вуҷуд дорад, ки номи Вахё ин шикаста аз номи Бурх аст, яъне ин минтақа дар гузаштаи дур Бурхё ном доштааст. Бо шарофати бузургвор Ҳазрати Бурхи Сармасти Валӣ, ки мазораш дар қисмати болооби ин минтақа ҷойгир аст, номи қадимаи водӣ то имрӯз боқӣ мондааст.

Реклама