ruzgor.tj

ruzgor.tj

Дуруд бар хонандаи азиз. Дар ин веб-блоги «Вахё» сараввал ҳар яко-яки Шуморо хайрамақдам гуфта, умедворем ин веб-блоги мо қобили қабули Шумо хонандаи гиромӣ гардида бошад. Баъдан дар инҷо мехостем аввалин матлаберо, ки интишор кунем аз таърихи мухтасари водии Вахё, ки яке аз гӯшаҳои зебоманзари диёри азизамон ба шумор меравад, пешкаши Шумо хонандагон гардонем.

Дар ин бора аз китоби Абдумалик Шехов «Ҳазрати Бурхи Сармасти Валӣ» («Ирфон» — Душанбе 2006), ки доир ба таърихи мухтасари водии Вахё ва доир ба Ҳазрати Бурхи Сармасти Валӣ интишор шудааст, ба саҳми хонандаи азиз матолиби зарурӣ бирасонем. Чи тавре, ки маълум аст, веб-блоги «Вахё» дорои бахшҳои гуногун буда, ҳар як бахши он як мавзӯъро дар бар мегирад.

Хонандаи азиз, агар ягон фикру ақидаи дигаре доир ба веб-блоги мо дошта бошед, бо мо дар тамос шавед. Мо имконият медиҳем, ки ҳар он чиро, ки Шумо мехоҳед дар веб-блоги Вахё доир ба мавзӯъҳои зайл интишор кунед, мо аҳли қалам ба Шумо кӯмак хоҳем расонд.

 

Бо умеди ҳамкории минбаъда аҳли эҷоди веб-блоги «Вахё»

 

 

ТАЪРИХИ МУХТАСАРИ ВОДИИ ВАХЁ

МАЪЛУМОТИ УМУМӢ ДАР БОРАИ ВОДӢ

Водии Вахё гӯшаи зебоманзари ватанамон мебошад. Ин водӣ дар ҳавзаи дарёи Хингоб ва шохобҳои он — Оби Арзинг ва Оби Мазор, ки аз пиряхҳои Гандо, Гармо ва Федченко маншаъ мегиранд, дар байни қаторкӯҳҳои Пётри I ва Дарвоз ҷойгир аст. Водӣ аз Ғарб ба Шарқ, дар масофаи бештар аз 160 км тӯл кашида аст. Бештари мардумони ҳавзаи дарёи Хингобро вахёчӣ мегӯянд. Дар навбати худ водии Вахё ба ду қисмат, яъне Вахёи боло (аз Ҷари Бахт боло то охири водӣ) ва Вахёи поён (аз Ҷари Бахт поён) ҷудо мешавад.

Водӣ аз маҳаллаи Сари Ҷар, воқеъ дар фосилаи 150 км шоҳроҳи Душанбе-Xopyғ cap шуда, қад-қади дарёи Хингоб, аз рост қаторкӯҳи Пётри I ва аз чап қаторкӯҳи Дарвоз ва аз деҳаи Сангвор, ки дар поёни он дарёи Хингоб аз ду шохоб — Оби Арзинг ва Оби Мазор cap мешавад, тӯл кашидааст. Қад-қади Оби Арзинг аз рост қаторкӯҳи Пётри I ва қад-қади Оби Мазор, аз чап қаторкӯҳи Дарвоз боз қаторкӯҳи дигар — Академияи илмҳо cap мешавад.

Дар якҷояшавии қаторкӯҳҳои Пётри I ва Академияи илмҳо қуллаи балантарин — қуллаи ба номи Исмоили Сомонӣ, баландиаш 7495 м воқеъ мебошад. Қаторкӯҳи Пётри I водии Вахё ва водии Раштро ва қаторкӯҳи Дарвоз бошад, сарҳади байни водии Вахё ва водиҳои Дарвозу Ванҷро ҷудо мекунад. Дар ҳавзаи дарёи Хингоб мувофиқи маълумотҳои оморӣ зиёда аз 17000 нафар одам сокинанд. Баъзе аз минтақаҳои ин водӣ ба ҳайати ноҳияи Дарвози ВМКБ ва аз мавзеи ҳавзи Кабуд поён ба ноҳияи Нуробод дохил мешаванд.

Кишоварзони ин водӣ ба соҳаҳои гуногун, аз ҷумла: боғдорӣ (себ, чормағз, нок, тут, олуча, гелос ва ғ.), ғаллакорӣ (гандум, ҷав, боқило, мушунг, арзан, зағир), сабзавоткорӣ (картошка, пиёз, каду, сабзӣ, бодиринг, помидор), чорводорӣ (гов, гусфанд, буз, асп ва ғайра), занбурпарварӣ ва ҷангалпарварӣ шуғл доранд.

Дар водии Вахё растаниҳои доругӣ, ба монанди зира, чойкаҳак, тхарч, зелол, хуч, чукрӣ, торон, ров, камол, меҳри гиёҳ, ҳазориспанд, кимиёкаҳак ва ғайра мерӯянд. Қад-қади ҳавзаи дарёи Хингоб канданиҳои зиёди фоиданок ва захираҳои зеризаминии гуногун мавҷуданд; аз ҷумла захираи ангишти Дараи Ҳайрон — Миёнаду ва Алисурхон, захираи намак дар Миёнаду, оҳан ва баъзе фулузоти ранга ба монанди тилло, нуқра ва ғайра дида мешавад.

Олами ҳайвоноти ваҳшии ин водӣ аз ҳайвонҳои гуногун — гург, хирс, рубоҳ, гуроз, харгӯш, бузи кӯҳӣ, аз баъзе намудҳои гурбашаклон ва морҳои заҳрдору безаҳр, аз парандаҳо — кабк, каргас, уқоб, гунҷишк, майна, фароштурук, зоғ, ало шакшака (ғулба), чуғз ва ғайра иборат аст.

Дар дарёи Хингоб ва шохобҳои вай намудҳои гуногуни моҳӣ, аз қабили гулмоҳӣ, ширмоҳӣ, лақамоҳӣ ва ғайра вомехӯранд.

Дар ин минтақа вобаста ба фаслҳои сол барфу борони зиёд меборад. Аз моҳи ноябр ва баъзан аз декабр то марту апрел дашту доману кӯҳҳо барфпӯш мегарданд. Аз моҳи апрел баробари фарорасии фасли баҳор табиати ин водӣ чодари сабзро ба cap мекунад. Баҳор ва тобистони ин ҷо рангоранг ва диққатҷалбкунанда мебошад, ба димоғ бӯйи гулу растаниҳо ва ба гӯш хониши парандаҳо мерасад.

Чи тавре ки дар боло қайд кардем, водии Вахё ба ду қисмат — то мавзеи Ҷари Бахт — Вахёи поён ва аз Ҷари Бахт боло — Вахёи боло ҷудо мешавад. Дар навбати худ Вахёи боло деҳаҳои соҳилҳои оби Хингоб ва соҳилҳои Оби Арзинг ва Оби Мазорро дар бар мегирад. Вахёи поён минтақаҳои Хлоз, Сағирдашт, Нижғолия ва Туркияро дар бар мегирад.

Хлоз — аз маҳалли Сари Ҷар то деҳаи Ёзғанд ҳар ду тарафи соҳилро мегӯянд.

Туркия — аз деҳаи Ёзғанд боло, гирду атрофи ҷамоати деҳоти Тавилдара то мавзеи Ҷари Бахтро меноманд.

Нижғолия — дар гузашта деҳаи Миёнаду ва атрофи онро дар бар мегирифтааст. Чуноне ки мардуми маҳаллӣ мегӯянд, онҳо бо ҳамсоягони худ доду гирифти молу амвол доштанд, яъне нижғолия — шарики якдигар буданд ва аз ин ҷо ин минтақа чунин ном гирифтааст. Дар ҳақиқат, агар ба мавқеи ҷойгиршавии ин маҳал назар кунем, мебинем, ки Миёнаду ва атрофи он ду қисмати ин водиро ба ҳам мепайвандад. Бе сабаб нест, ки ин минтақа бо номи Миёнаду ёд мешавад ва яке аз минтақаҳои калонтарини Вахё ба ҳисоб меравад.

Сағирдашт дар соҳили чапи дарёи Хингоб воқеъ мебошад. Имрӯз ин минтақа ҷамоати деҳоти Сағирдашт ва деҳаҳои гирду атрофи онро дар бар мегирад. Вожаи Сағирдашт маънои Дашти хӯрдро дорад.

Реклама